Баҳси Украинаву Русия дар додгоҳи Гаага аз рӯи парвандаи "ҳодиса дар баҳр"
0
118
Дар додгоҳи ҳакамии Гаага рӯзи 11 октябр бахши аввали баҳсҳои миёни Украина ва Русия аз рӯи “ҳодисае дар баҳр” шурӯъ мешавад, ки ба ҳабси киштиҳои украинии «Никополь», «Бердянск», «Яны-Капу» ва 24 маллоҳ рабт мегирад. Баҳсро нахуст ҷониби Русия шурӯъ карда баъдан навбат ба Украина мерасад. Интизор меравад, ки мубоҳисаҳо чор рӯз идома хоҳанд кард. Баҳси додгоҳӣ бо ташаббуси Украина шурӯъ мешаванд. Украина мегӯяд, ки се киштии онҳо ноябри соли 2018 аз Одесса ба Мариупол ҳаракат мекард ва дар ин бора қаблан ҷониби Русияро огоҳ карда буданд. Вале бар хилофи Эъломияи СММ оид ба ҳуқуқи баҳрӣ ва созишномаи миёни Русия ва Украина оид ба истифодаи обҳои баҳри Азов ва гулӯгоҳи Керч, дар соҳилҳои Қрим марзбонони рус киштиҳоро тирборон карда киштиҳои украиниро ҳабс намуданд. Маллоҳонро дар убури ғайриқонунии сарҳад гунаҳгор ва ба боздоштгоҳе дар Маскав ҷой доданд. Маскав маллоҳонро асири ҷанг эътироф накард ва алайҳи онҳо аз рӯи моддаи Кодекси ҷиноӣ дар бораи “убури ғайриқонунии сарҳад” парванда боз намуд. Баъди 10 моҳ маллоҳон ва як сол баъди ҳодиса киштиҳо ҳам ба Украина баргардонида шуданд.
СММ Қримро ҳамоно қаламрави Украина эътироф мекунад. Дар Вазорати корҳои хориҷии Украина гуфтанд, ки интизор надоранд додгоҳ то соли 2022 ҳукмашро содир кунад.