Добавить новость
Sponsored
Апрель 2010
Май 2010
Июнь 2010
Июль 2010
Август 2010
Сентябрь 2010
Октябрь 2010
Ноябрь 2010
Декабрь 2010
Январь 2011
Февраль 2011
Март 2011
Апрель 2011
Май 2011
Июнь 2011
Июль 2011
Август 2011
Сентябрь 2011
Октябрь 2011
Ноябрь 2011
Декабрь 2011
Январь 2012
Февраль 2012
Март 2012
Апрель 2012
Май 2012
Июнь 2012
Июль 2012
Август 2012
Сентябрь 2012
Октябрь 2012
Ноябрь 2012
Декабрь 2012
Январь 2013
Февраль 2013
Март 2013
Апрель 2013
Май 2013
Июнь 2013
Июль 2013
Август 2013
Сентябрь 2013
Октябрь 2013
Ноябрь 2013
Декабрь 2013
Январь 2014
Февраль 2014
Март 2014Апрель 2014Май 2014Июнь 2014Июль 2014Август 2014Сентябрь 2014Октябрь 2014Ноябрь 2014Декабрь 2014Январь 2015Февраль 2015Март 2015Апрель 2015Май 2015Июнь 2015Июль 2015Август 2015Сентябрь 2015Октябрь 2015
Ноябрь 2015
Декабрь 2015
Январь 2016
Февраль 2016Март 2016
Апрель 2016
Май 2016Июнь 2016Июль 2016Август 2016Сентябрь 2016Октябрь 2016Ноябрь 2016Декабрь 2016Январь 2017Февраль 2017Март 2017Апрель 2017Май 2017Июнь 2017Июль 2017
Август 2017
Сентябрь 2017
Октябрь 2017
Ноябрь 2017
Декабрь 2017
Январь 2018Февраль 2018Март 2018
Апрель 2018
Май 2018Июнь 2018Июль 2018Август 2018Сентябрь 2018Октябрь 2018Ноябрь 2018Декабрь 2018Январь 2019Февраль 2019Март 2019Апрель 2019Май 2019Июнь 2019Июль 2019Август 2019Сентябрь 2019Октябрь 2019Ноябрь 2019Декабрь 2019Январь 2020Февраль 2020

Поиск города

Ничего не найдено

Сенати Амрико Доналд Трампро сафед кард

08
Сенати Амрико Доналд Трампро сафед кард
Аксарияти намояндагони Сенати Амрико рӯзи сешанбе зидди барканории Доналд Трамп аз мақоми президентӣ раъй доданд. Ба ин тартиб, оқои Трамп, ки бо ду банд -- "сӯистифода аз мақом" ва "монеъ шудан ба кори Конгресс" муттаҳам мешуд, табриа ё сафед шуд. Дар раъйдиҳӣ барои иттиҳоми "сӯистифода аз мақом", 52 намояндаи ҷумҳурихоҳи Сенат раъйи мухолиф доданд ва 48 тани дигар аз он пуштибонӣ намуданд. Дар миёни онҳое, ки барканории Трампро хостор шуданд, танҳо як ҷумҳурихоҳ - номзади пешин ба мақоми президентии ИМА дар соли 2012 Митт Ромнӣ буд. Ягон демократ, ҳатто Ҷо Манчин, ки дар як қатор масоил аз Трамп ҳимоят мекард, ба ҷонибдории президент раъй надод. Банди дувум низ бо 47 раъйи ҷонибдору 53 раъйи мухолиф рад карда шуд. Барои изҳори нобоварӣ ба Трамп бояд аз се ду ҳисаи аъзои Сенат раъй медоданд. Аксари аъзои Сенатро ҷумҳурихоҳон, ҳамҳизбони Доналд Трамп ташкил медиҳанд. Ҷумҳурихоҳон 53 курсӣ аз 100 курсии Сенатро дар ихтиёр доранд. Ин барои бори саввум дар таърихи Амрико буд, ки раванди нобоварӣ ба президент дар Сенати он кишвар раъй меоварад. Дар ҳар се маврид ин раванд бо сафед шудани раиси ҷумҳури Амрико анҷом ёфтааст. Барои барканории Доналд Трамп аз мақоми прездиенти Амрико, бояд аз се ду ҳиссаи аъзои Сенат ба бекифоятии ӯ раъй медоданд. Маҷлиси Намояндагони Амрико, ки аксарияти курсиҳои он дар ихтиёри демократҳо қарор дорад, Доналд Трампро ба "сӯистифода аз қудрат" ва "монеъ шудан ба кори Конгрес", муттаҳам карда буд. Тафтиши имкони изҳори нобоварӣ ба Трамп пас аз як сӯҳбати телефонии ӯ бо президенти Украина Владимир Зеленский оғоз шуд. Демократҳои Маҷлиси Намояндагони ИМА гуфтанд, ки Трамп дар сӯҳбати телефонии моҳи июли соли гузашта ба Зеленский фишор овардааст, то зидди рақиби сиёсияш Ҷо Байден дар Украина тафтишот оғоз шавад ва бинобар ин, кӯмакҳои низомии Вашингтон ба Киев ба таъхир гузошта шудааст. Вале Трамп гуфт, фишор наовардааст. Яке аз иттиҳомҳои дигар зидди Трамп ба худдории ӯ аз иштирок дар раванди тафтишот марбут буд.   Доналд Трапм чанд лаҳза пас аз раъйи Сенат, дар паёми твиттерӣ ба ин тасмими палатаи болоии Конгресс вокуниш нишон дод. Ӯ навишт, "фардо 12:00-и зӯҳр аз Кохи Сафед баёнияе қироат хоҳам кард, ки мавзӯи он баҳс дар бораи пирӯзии кишвари мо дар иртибот бо изҳори нобоварии сохтагӣ аст". Раиси Ситоди интихоботии Доналд Трамп дар интихоботи президентии Амрико дар соли 2020 пас аз раъйи Сенат дар баёнияе гуфтааст, ки "Сенат ба таври комил Доналд Трампро сафед кард ва акнун замони он фаро расидааст, ки дубора ба хизмати мардуми Амрико камар бибандем". Чак Шумер, раҳбари демократҳо дар Сенати Амрико ҳам табриа ё сафед шудани Трампро "беарзиш" хонда ва гуфтааст, ки раъйи Сенат, натиҷаи муҳокимаи ноодилона буд. Вай аз ин раванд дар Сенат ва даъват нашудани шоҳидон дар ин парванда интиқод кард. Баррасии қазияи нобоварӣ ба Доналд Трамп дар Сенати Амрико аз рӯзи 22-юми феврал оғоз шуда буд. Дар таърихи Амрико фақат ду раиси ҷумҳур -- Андрев Ҷонсон ва Билл Клинтон, ба чунин муҳокима ва пурсиш рӯбарӯ шудаанд. Вале дар идомаи муҳокимаҳо, Маҷлиси Сенат ҳеҷ яке аз онҳоро барканор накард.  


Комментарии

Комментарии для сайта Cackle


Читайте также

В тренде на этой неделе

Политэкономист Андрей Суздальцев: России пора понять, что у нее нет союзников

Какие сокровища вывезли из Москвы во время Великой Отечественной

Мокрый снег и весеннее тепло: какими будут последние дни зимы

Тридцать автомобилей столкнулись на трассе под Уфой

Загрузка...
Новости последнего часа со всей страны в непрерывном режиме 24/7 — здесь и сейчас с возможностью самостоятельной быстрой публикации интересных "живых" материалов из Вашего города и региона. Все новости, как они есть — честно, оперативно, без купюр.

News-Life — паблик новостей в календарном формате на основе технологичной новостной информационно-поисковой системы с элементами искусственного интеллекта, тематического отбора и возможностью мгновенной публикации авторского контента в режиме Free Public. News-Life — ваши новости сегодня и сейчас. Опубликовать свою новость в любом городе и регионе можно мгновенно — здесь.
© News-Life — оперативные новости с мест событий по всей Украине (ежеминутное обновление, авторский контент, мгновенная публикация) с архивом и поиском по городам и регионам при помощи современных инженерных решений и алгоритмов от NL, с использованием технологических элементов самообучающегося "искусственного интеллекта" при информационной ресурсной поддержке международной веб-группы 123ru.net в партнёрстве с сайтом SportsWeek.org и проектом News24.